Оғози "Марафони орзуҳо" дар Душанбе

© ФотоВ Душанбе стартовал "Марафон желаний"
В Душанбе стартовал Марафон желаний - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Обуна шудан
Ахбори ширкатҳо
Дар "Марафони орзуҳо" кӯдакони пойтахти Тоҷикистон тӯҳфаҳои ширин мегиранд ва орзуҳои худро шахсан ба Бобои Барфӣ баён мекунанд
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Рӯзи 19 декабр қатори худравҳои солинавӣ бо Бобои Барфӣ, маликаи барфӣ ва элфҳо аз кӯчаҳои пойтахт мегузаранд
Бобои барфӣ ба хонаи кӯдаконе, ки дар кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Навбаҳор, маҳаллаи 1 ва 2-юми Советский, маҳаллаҳои 33, 82, 91, 102 ва назди маркази савдои “Сиёма Молл” зиндагӣ мекунанд, хушиву ид меорад.
Таъкид шудааст, ки дар "Марафони орзуҳо" кӯдакон тӯҳфаҳои ширин мегиранду орзуҳои худро шахсан ба Бобои Барфӣ баён мекунанд.
Қатораи худравҳо аз ҷониби оператори имкониятҳои нави рақамӣ омода ва ба роҳ бароварда шудааст. Аз ин рӯ, кудакони шаҳри Душанберо дар баробари бозиву рақсҳо технологияи муоссир интизоранд.
Дар саҳифаи махсуси интернетӣ кудакон имкон пайдо мекунанд ба таври онлайнӣ аз манзили Бобои Барфӣ дар Шимолӣ дур дидан намоянд ва бо роботи Доно, ки бо забонҳои гуногун ҳарф мезанад ва ҳатто шӯхӣ мекунанд, гуфтугӯ кунанд.
МегаФон Life Фест: твои новые возможности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2022
"МегаФон Life Фест" - имкониятҳои нави Шумо
Иштирокчиёни фаъоли "Марафони орзуҳо" худашон аз халтаи Бобои Барфӣ тӯҳфаҳои ширин мегиранд. Ҳатто Бобои Барфӣ ба хонаи чанд нафари кудакон, меравад ва кудакон имкон пайдо мекунанд худашон орзуҳояшонро ба Бобои барфӣ баён намоянд – барои иҷрои орзуҳои онҳо ба Бобои Барфӣ ширкати МегаФон Тоҷикистон кӯмак мерасонад.
Қатори худравҳои “Марафони орзуҳо” аллакай дар роҳ аст. Дар кӯчаи Шумо Ид мешавад!
Лентаи хабарҳо
0