Bloomberg: Сомонӣ дар садри раддабандиҳои ҷаҳонии пул

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Обуна шудан
Бино бар афзоиши интиқоли пул, иқтисоди Тоҷикистон тавонист дар соли ҷорӣ 7 дарсад рушд кунад дар қиёс ба пешгӯиҳои қаблӣ, ки рушди 4 - 5%-ро пешгӯи мекарданд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Арзҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ имсол дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ дар ҷойҳои аввал қарор доранд, иттилоъ додааст хабаргузории “Bloomberg”.
Нархи пули миллии Тоҷикистон (сомонӣ), Гурҷистон ва Арманистон дар баробари доллар болоравии бештарро нишон додаанд.
Аз аввали сол драми арманӣ нисбат ба доллар беш аз 22 дарсад афзоиш ёфта, миёни арзҳои ҷаҳонӣ мақоми пешсафро касб кардааст.
Нархи лари гурҷӣ ва сомонии тоҷикӣ мутаносибан беш аз 16 ва 10 дарсад боло рафтанд.
Дар Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли пул дар шаш моҳи аввал тақрибан 50 дарсад афзоиш ёфтааст.

"Ин имкон дод, ки иқтисоди кишвар, ки дастрасӣ ба баҳр надорад, дар соли равон 7 дарсад рушд кунад, дар қиёс ба пешгӯиҳои қаблӣ, ки рушди 4 – 5 дарсадиро пешгӯи мекарданд", - гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Гурҷистон, ин кишвар ҳамчунин афзоиши 5 маротибаии интиқоли пул аз Русия ба Гурҷистонро сабт кардааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Хазинаи захиравии президенти Тоҷикистон қариби ним млрд сомонӣ дар 1 сол шуд
Ин зиёда аз 60 дарсади тамоми интиқолҳоро ташкил медиҳад, ки маблағи он аз 1,75 миллиард доллар зиёд аст.
Интиқол ба Арманистон, тибқи маълумоти Бонки марказии ин кишвар, дар 10 моҳи соли равон 2,8 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 4 маротиба зиёд аст.
Bloomberg қайд кардааст, ки таъсири бештар ба нархи пули миллӣ бештар ба ҷумҳуриҳои хурд расидааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон вазъ баръакс аст – тибқи пешбиниҳои манбаъ тенге, метавонад солро бо зиён анҷом диҳад.
Лентаи хабарҳо
0