Талоши Тоҷикистону Русия барои ҷалби муташаккили муҳоҷирони меҳнатӣ

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиии ТоҷикистонГурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия барои ҷалби муташаккили муҳоҷирони корӣ
Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия барои ҷалби муташаккили муҳоҷирони корӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия барои ҷалби муташаккили муҳоҷирони корӣ ба бозори меҳнат баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодири ва сардори Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Русия Денис Васильев ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ дар умури татбиқи Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия дар бораи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия баргузор гардид.
Тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Русия иштирок доштанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа тарафҳо имкони ҷалби муташаккли муҳоҷирон бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи имрӯзаи бозори меҳнати Русия ба коргарони хориҷӣ баррасӣ гардид
Ҳамчунин дар ин ҷаласа баррасии имкони ташкили пойгоҳи таълимӣ барои омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ аз рӯи ихтисосҳо бо стандартҳои давлати Русия низ баррасӣ гардид.
Центр тестирования трудовых мигрантов в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2022
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Дар Русия маркази омӯзишии пеш аз муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз мешавад
Манбаъ хабар додааст, ки дар ин ҷаласа масъалаҳои ифтитоҳи намояндагии корхонаи “Хадамоти паспорту визаи”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Тарафҳо инчунин имкони супоридани имтиҳони умумии дониши Забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия ва гузаронидани муоинаи тиббӣ дар қаламрави Тоҷикистонро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари ҳайати Русия ба Тоҷикистон боздид аз “Агентии шуғли аҳолӣ дар хориҷ аз кишвар” ва Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистонро ба назар гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0