Мақомоти Русия гуфт дар соли равон чанд шаҳрванди Тоҷикистон паспорти русӣ гирифт

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПаспорта РФ в процессе производства
Паспорта РФ в процессе производства - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Обуна шудан
Мақомоти Русия ахиран эълон кард, ки аз аввали соли равон чанд шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Русия дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 119 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтанд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 500 нафар ва ҳар се моҳ 45,5 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд.
Таъкид намудааст, ки теъдоди хоҳишмандони гирифтани шаҳрвандии Русия дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.
Чанде пеш мақомоти Русия хабар дода буд, ки Дар чаҳор моҳи соли 2022 беш аз 187 000 шаҳрванди хориҷӣ шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд. Як сол қабл ин рақам беш аз 222,8 ҳазор нафарро ташкил медод.
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Русия
Дар Русия гирифтани шаҳрвандӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ осон мешавад
Ин рақам нисбат ба чаҳор моҳи соли 2021 қариб 36 ҳазор нафар камтар аст.
Дар ин замина дар чаҳор моҳи соли 2022 ба шаҳрвандони хориҷӣ қариб 2 баробар бештар раводид дода шудааст.
Агар дар соли 2021 зиёда аз 44,6 ҳазор нафар раводид гирифта бошад, пас дар айни замон беш аз 76 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Аммо шумори шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз қайди муҳоҷиратӣ гузаштаанд, тақрибан аз 3 миллион то 5,1 миллион нафар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0