Вокуниши Аҳмад Масъуд ба баста шудани донишгоҳҳо ба рӯи духтарон

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба духтарони афғон тавсия додааст, ки мактабро ба хона бубаранд, мутафовид фикр кунанд ва мутафовид мубориза баранд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон Аҳмад Масъуд дар вокуниш ба мамнуъияти таҳсили духтарони тавассути толибон гуфтааст, ки дарвозаи сохтимони донишгоҳу мактабро метавон баста кард аммо дари илму донишро наметавон баст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон .
Аҳмад Масъуд дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "мактабро ба хона бибаред, мутафовит фикр кунеду мутафовит мубориза кунед".
Ёдоварӣ мекунем, ки пештар вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар доданд.
Ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Зас: Афғонистон манбаи хатар боқӣ мондаст, аз ҷумла барои Тоҷикистон - видео
Ин дар ҳолест, ки қаблан сарпарасти Вазорати маорифи ҳукумати муваққати толибон ваъда дода буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.
Вай таъкид карда буд, ки ҳукумати толибон барои боз кардани мактабҳои духтарона дар саросари кишвар таҳти фишор қарор гирифтааст
Ҳукумати имрӯза пештар гуфта буд, ки мақомоти толибон зарурати таҳсил барои мардон ва занонро дарк мекунанд.
Ҳукумати феълӣ ба расонаҳо гуфта буд, ки макотиби духтарона базудӣ боз хоҳанд шуд.
Зиёда аз 1 сол мешавад, ки дар Афғонистон мактабҳои духтарона барои духтарони донишомӯз баста шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0