Дӯстӣ бо ҳама: Раҳмон сиёсати Тоҷикистонро дар шароити низоъю мухолифатҳо баён дошт

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонПрезиденти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумони Тоҷикистон дар соли 2022
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумони Тоҷикистон дар соли 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Тоҷикистон ба хотири таъмин кардани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии "дарҳои кушод"-ро идома хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар шароити печидагии равандҳои геополитикӣ, афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз, Тоҷикистон сиёсати хориҷии мутавозину санҷидаро идома медиҳад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумон баён дошт.
"Давлати мо азм дорад, ки дар асоси сиёсати "дарҳои кушода"-и хориҷии худ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманду созандаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон тавсеа бахшида, рушд диҳад", - изҳор дошт Раҳмон.
Вай гуфт, идомаи робитаҳои фаъол ва рушду таҳкими маҷмӯи муносибатҳо бо шарикони стратегӣ, анъанавӣ ва боэътимод самти муҳимми сиёсати хориҷии моро ташкил медиҳад.
Президенти Тоҷикистон инчунин азмашро барои таъмин намудани рушди устувор ва тақвияти рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, эътимод ва дӯстии пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баён дошт.
Зал парламента Таджикистана во время ежегодного обращения президента  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2022
Худтаърифкунӣ нест: Раҳмон вазъ дар ҷаҳонро мураккабу дар Тоҷикистонро муътадил хонд
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла бо СММ, ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА, СҲИ ҳамчун узви фаъол идома хоҳад дод.
Мо ҷонибдори ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ ва низоъҳои минтақавӣ бо роҳи муколама ҳастем ва аз тақвияти нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ин раванд пуштибонӣ мекунем, таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0