Даргузашти профессори тоҷик дар роҳи бозгашт аз чорабинии фарҳангӣ

Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳамкоронаш мегӯянд, профессори марҳум зоҳиран аз ҳеч беморие ранҷ намебурд ва чанд лаҳза қабл аз фавт дар як чорабинии фарҳангӣ иштирок дошт
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Профессор ва муовини декани факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Ҳаким Тошхӯҷаев дар соли 63-юми умраш даргузашт.
Ба гуфтаи раиси Иттифоқи касабаи маорифи Суғд, Мусобек Мироватов, ки яке аз ҳамкорони марҳум буд, Тошхӯҷаев рӯзе қабл дар як чорабинии фарҳангӣ ҳамроҳ бо омӯзгорону донишҷӯён иштирок дошт, вале баъди итмоми он дар роҳ даргузаштаст.

“Зоҳиран аз ҳеҷ беморие ранҷ намебурданд, балки солиму бардам буданду пойи равон бандагӣ кардаанд. Бо он, ки як олими тавоно буданд, инсони боҷуръату хоксор буданд” – зикр кард, раиси Иттифоқи касаба.

Тошхӯҷаев Ҳаким Азимович 17 марти соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд, собиқ Ленинобод таваллуд шудааст.
Соли 1982 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда, фаъолияти меҳнатиашро аз ҳамон сол минҳайси муаллими математика ва физика дар мактаби № 41-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ намудааст.
Тағйироти кадрӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
Солҳои 1988-1991 аспиранти Донишгоҳи технологии ба номи Ленсовети шаҳри Санкт Петербург будаст. Аз соли 1993 сар карда то охири умраш дар вазифаҳои гуногун дар кафедраҳои факултети физика ва техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият бурдааст.
© ФотоХаким Тошхуджаев. Фото из личного архива
Хаким Тошхуджаев. Фото из личного архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Хаким Тошхуджаев. Фото из личного архива
Соли 2010 рисолаи докториашро ҳимоя намуда, ду сол баъд унвони профессориро гирифтааст.
Аз соли 2012 то ин вақт, муовини декан оид ба корҳои инноватсия дар факултети физика ва техника буд. Ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даргузашти бармаҳали ин олими тоҷикро як талафоти бузург дар соҳаи илмҳои дақиқ арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0