Маҳдудияти дигари толибҳо барои занон дар Афғонистон

© AP / Ebrahim NorooziАфганская женщина. Архивное фото
Афганская женщина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Обуна шудан
Маҳдудияти ҷадиде, ки ҳукумати толибҳо дар Афғонистон барои занон ҷорӣ намудааст, кори бисёре аз созмонҳои башардӯстона дар кишварро халалдор мекунад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳукумати толибҳо дар Афғонистон дастур додааст, ки занон аз кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ хориҷ шаванд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии TOLOnews бо такя ба вазорати иқтисоди Афғонистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудият ҳам ба созмонҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ ва ҳам ватанӣ дахл дорад.
Вазорати иқтисод ҳушдор додааст, ки муҷаввизи сохторҳое, ки ба ин дастур амал намекунанд, лағв карда мешавад.
Маҳдудияти нав вокуниши шадидро ба вуҷуд овард. Намояндагони созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки ин маҳдудият кори бисёре аз созмонҳои башардӯстонаро, ки дар саросари кишвар, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мардуми Афғонистон, бахусус занону духтарон кумак мекунанд, халалдор мекунад.
Студентка перед университетом в провинции Кандагар, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2022
Мисли асрҳои миёна: духтарони афғон барои ҳуқуқи таҳсил мубориза мебаранд - акс
Пештар вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар доданд. Ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Аҳмад Масъуд дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "мактабро ба хона бибаред, мутафовит фикр кунеду мутафовит мубориза кунед".
Лентаи хабарҳо
0