Соли нави ситоразор дар Суғд: ҳукумат сарояндаҳои машҳурро даъват кардаст

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкБенгальские огни, архивное фото
Бенгальские огни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳукумати Хуҷанд барномаи солинавиро муаррифӣ кард, ки бар асоси он ҳунарнамоии се ситораи мусиқии попи кишвар дар майдони "Арчаи солинавӣ" дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Сафари ҳунарии Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов ва Ҷонибек Муродов дар остонаи соли нави мелодӣ ба маркази маъмурии Суғд дар назар аст.
Дар ин бора котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, Маъмури Юсуфзод, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, барномаҳои консертӣ бо иштироки ин се овозхон рӯзи 27- уми декабр оғоз шуда, то се рӯз идома хоҳад кард.
"Шоми 27- ум, барномаи консертии Нигина Амонқулова, шоми 28 барномаи консертии Мубориз Усмонов ва шоми 29 декабр баромади ҳунарии Ҷонибек Муродов дар майдони "Арчаи солинавӣ" воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст", - гуфт Юсуфзод.
Новогодняя елка на столичной площадке Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2022
Дархости ВУД аз ҷавонону наврасони тоҷик: оромиро дар Соли нав халалдор накунед
Бар пояи хабари шаҳрдорӣ, барномаҳои консертӣ соати 17:00 шурӯъ хоҳад шуд.
Ҳукумати Хуҷанд ҳанӯз дар оғози моҳи декабр барои насби баландтарин арчаи соли навии шимоли Тоҷикистон, гурӯҳи кории иборат аз сохтмончиён, барқкорон ва мутахассисони дигарро дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ муваззаф намуда буд.
Сармуҳандиси Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд, Шарифҷон Турсунов, гуфт арчаи солинавӣ бо баландии 23 метр ва паҳноии 8 метр афрохта шуда, он тимсоли дарахти қадбаланди сӯзанбарг буда, дар болояш ситора дорад, ки давр мезанад.
Инчунин ба ҷузъ афрохтани арчаи солинавӣ дар ин хиёбони шаҳр, ки макони аслии баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҳсуб мешавад, шаҳраки соли навӣ сохта шудааст.
Шаҳраки солинавӣ аз 8 дарвоза иборат буда, имкони воридшавии сокинону меҳмонон ба он маконро фароҳам мекунад. Аз 15 декабр дар ин макон баргузории намоишномаву чорабиниҳои фарҳангӣ ба истиқболи соли нави мелодии 2023 шурӯъ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0