Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин аз омодагии Маскав барои музокирот дар мавриди Украина гуфт

© Foto / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Обуна шудан
Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама ихтилофоти ба вуҷудомадаро тавассути музокирот ҳал кунад, аммо тарафи муқобил на ҳамеша майл ба ин дорад
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазъ дар Украинаро чандон хатарнок намедонад ва таъкид намуд, ки Маскав ба манфиати шаҳрвандони кишвар амал мекунад.
Ин нуктаро ӯ зимни суҳбат тариқи телевизионни "Россия 1" баён дошта, таъкид намуд, ки Русия дар масири дуруст қарор дорад.
"Дар самти дуруст амал карда истодаем, манфиатҳои миллӣ, шаҳрвандони худ, мардуми худро ҳифз мекунем. Илоҷи дигаре надорем", - гуфт раисҷумҳур.
Дар зимн таъкид намуд, ки Маскав омода аст, бо ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар бораи баъзе натиҷаҳои қобили қабул гуфтушунид кунад, ин ҷониби дигар аст, ки музокиротро рад мекунад.
Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама баҳсҳои ба миёномада бо роҳи сулҳомез, тавассути музокирот ҳал шаванд, аммо ҷониби дигар аз аввал аз роҳи низомӣ кор бурду Маскав водор шуд, барои ҳимояти мардум иқдом кунад.
Вай афзуд, ҳама чиз бар асоси сиёсати мухолифони геополитикии Русия аст, ки ҳадафашон аз ҳам ҷудо кардани ФР мебошад.
Участие и выступление на Первом Саммите Центральная Азия-Индия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Ғарб қасд дорад Осиёи Марказиро аз Русия "канад"
"Ҷудо кун ва ҳукм рон кун - онҳо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки ин корро кунанд ва ҳоло ҳам кӯшиш мекунанд, аммо ҳадафи мо чизи дигар аст - муттаҳид кардани мардуми Русия", - гуфт президенти ФР.
Президенти Русия қаблан низ мақомдорони Киев ва пуштибонони ғарбияшро даъват намуд, ки фавран оташро қатъ кунанду сари мизи музокирот баргарданд.
Вай ин нуктаро зимни маросими пазируфтани 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР баён дошта буд.
Дар зимн изҳор дошт, Маскав омодаи музокирот аст, аммо интихоби кардаи мардум баррасӣ нахоҳад шуд, он аллакай анҷом дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0