Тормеғ мефарояд: пешгӯии ҳавои рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевТуман в Душанбе
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳарорат дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон то 5 дараҷа, дар Суғд то 7, Хатлон то 12 ва Душанбею навоҳии атроф то 13 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳавои рӯзи истироҳат дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тағйирёбанда ва асосан бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ боришот дар назар набуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Заснеженный город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2022
Зимистони Душанбе: беҳтарин аксҳои пойтахти барфпӯш
Дар бархе навоҳии Хатлон низ тормеғ мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм пешгӯӣ мегардад.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани тормеғ дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук пешгӯӣ мегардад.
Душанберо ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гиритфа, тормеғ мефарояд. Ҳарорат шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ дод Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Лентаи хабарҳо
0