Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкЭмомали Рахмон, архивное фото
Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар сафар ба пойтахти шимолии Русия раисҷумҳури Тоҷикистонро ёрдамчияш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 дек – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки президентро дар фурудгоҳ роҳбарони ҳарду палатаи парлумон, сарвазир ва роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент гусел намуданд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар сафар ёрдамчияш оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Ташаббуси баргузории мулоқоти анъанавии ғайрирасмиро президенти Русия, Владимир Путин, ба миён гузошт.
Путин принял участие в неформальной встрече руководителей стран - участниц СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2022
Путин раҳбарони ИДМ-ро ба нишасти нав даъват кард
Охирин мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ соли 2021 ҳамчунин дар Санкт-Петербург баргузор шуда буд. Он замон Путин пеш аз Соли нав – 28 декабр ҳамтоёни худро ба пойтахти шимолӣ даъват карда буд.
Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров изҳори итминон карда буд, ки "бо вуҷуди чунин формати ғайрирасмӣ, раҳбарон метавонанд вазифаҳои соли баъдӣ ва ояндаи дурро баррасӣ кунанд".
Маврид ба зикр аст, ки дар мулоқоти ғайрирасмӣ иштироки сарони Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Беларус дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0