Аҳмадзода туҳфаҳои президентро ба кӯдакони ношунавои Суғд расонд

CC0 / jeshoots / Новогодние подарки
Новогодние подарки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон дар арафаи ҷашнҳо аёдати афроди ниёзманду тарбиятгирандагони интернатҳо аз ҷониби мақомдорони давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар арафаи Соли нави мелодии 2023 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоровро аёдат кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд хабар дода, афзуд, ки Аҳмадзода бо шароити иқомату таҳсили кӯдакон шинос гардид.
"Раиси вилоят бо ҷараёни таълиму тарбия ва фаъолияти маҳфилҳои касбу ҳунаромӯзӣ дар мактаб -интернат шинос шуда, барои таҳти таваҷҷуҳи махсус қарор додани тарбиятгирандагони муассиса ба масъулин супоришҳо дод", - омадааст дар иттилоия.
Дар пайи ин Аҳмадзода дар чорабинии солинавии тарбиятгирандагони мактаб-интернат ширкат варзида, онҳоро ба муносибати Соли нави мелодӣ шодбош гуфт.
Зикр шудаст, ки ҳукумат ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунаду роҳбари давлат зимни ҳар сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳо кӯдакони бесаробон ва беморонро аёдат мекунад.
Бенгальские огни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Соли нави ситоразор дар Суғд: ҳукумат сарояндаҳои машҳурро даъват кардаст
Раиси вилоят ба беш аз 300 нафар тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз номи президенти Тоҷикистон либосу туҳфаҳои солинавӣ супорид.
"Барои тарбиятгирандагон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастурхони идона ороста шуда, барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуд", - илова намуд дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Мактаб-интернат барои кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дар Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, дар он беш аз 300 нафар кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст аз шаҳру ноҳияҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0