Доварони тоҷик аз ФИФА иҷозатномаи нав мегиранд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкАрбитр на футбольном поле
Арбитр на футбольном поле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Доварони футболи Тоҷикистон шеваи кор бо системаи ёрирасони видеои доваронро меомӯзанд ва аз соли оянда дар кишвар системаи видеодовар ҷорӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Доварон аз Тоҷикистон дар як семинари онлайн, ки аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ташкил шудааст, ширкат мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар чаҳорчӯби ин давраи омӯзишӣ доварони тоҷик донишҳои ибтидоӣ дар бораи кор бо системаи кӯмаки видеоӣ барои доварон - VAR -ро мегиранд.
Курсҳои видеоӣ 5 рӯз идома карда, дар давоми он устоди ФИФА Фарҳод Абдуллоев аз Ӯзбекистон барои доварони Тоҷикистон дар бораи сохтори бунёдии система як силсила дарсҳои нлайнӣ мегузарад.
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2022
Дар бозиҳои Тоҷикистон видеодовар роҳандозӣ мегардад
Аз ҷумла, ӯ доваронро бо принсипҳои истифодаи видеотакрорҳо дар бозиҳо шинос мекунад. Ин курс як силсила омӯзиши пурраи доварони тоҷикро барои гирифтани муҷаввизи VAR аз ФИФА оғоз кард.
Бояд гуфт, ки аз соли оянда дар бозиҳои Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон системаи кӯмаки видеоӣ ба доварон (VAR) ҷорӣ мешавад.
Дар ҳоли ҳозир Раёсати доварон ва бозрасии Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҷорӣ кардани VAR дар кишвар аз марҳилаи аввали панҷгона гузаштааст, ҳоло марҳилаи баъдӣ - тартиби омодасозии доварон идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0