Нақшаи давлатӣ дар Тоҷикистон иҷро нашуд: Ба ҷои 50 ҳазор компютер 20 ҳазор харидаанд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанКомпьютерный класс в школе, архивное фото
Компьютерный класс в школе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Барномаи давлатие, ки барои беҳбуди таъминоту тадриси технологияи иттилоотӣ дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон қабул шуд, пурра иҷро нагардид
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Дар 5 соли охир барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон хариди беш аз 52 ҳазор компютер ба нақша гирифта шуда буд, аммо дар амал ҳудуди 20 ҳазор адад дастрас шудааст.
Ин нуктаро вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода зимни гузориш дар бораи иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои солҳои 2018-2022 дар парлумон баён дошт.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазир овардааст, ки нақшаи хариди компютерҳо дар доираи барнома аз соли 2018 то нуҳмоҳаи соли 2022 ҳамагӣ 39% иҷро гардидаст.
Вазир зикр намуд, ки феълан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ зиёда аз 81 ҳазор компютер ва 4 ҳазор тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор доранд.
Конкурс Территория профессионалов в рамках сотрудничества для студентов ближнего зарубежья - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Аз ҷуброни билет то курсҳои ройгон: пешниҳоди донишгоҳи Русия барои ҷалби донишҷӯёни тоҷик
Ӯ афзудаст, ки бар асоси нақшаи барнома, дар 5 сол хариди наздики 3,4 ҳазор тахтаи электронӣ дар назар буд, ки ҳамагӣ 2,7 ҳазор адад ё 80%-и нақша харидорӣ шудаанд.
Бар асоси таҳлили вазири маориф, барномаи мазкур танҳо дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ 100% иҷро гардидаст.
Бар асоси омори расмӣ, ки феълан дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон беш аз 3,7 ҳазор синфхонаи технологияи иттилоотӣ фаъолият мекунанд, ки ба ВМКБ 245 адад, шаҳри Душанбе - 319, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 842, вилояти Суғд - 1139 ва вилояти Хатлон - 1215 адад мебошад.
Лентаи хабарҳо
0