Чаро донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд?: Посухи донишҷӯён

Молодые люди  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин бо мусоҳиба бо хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон тадқиқоте анҷом додааст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Хонандагони мактаб ва донишҷӯёни тоҷик гуфтанд, ки чаро барои онҳо донишгоҳҳои Русия писанд аст.
Дар ин бора шӯъбаи фаъолияти илмии Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин пажуҳиш анҷом додааст.
Дар бораи натиҷаҳои ин пажуҳиш Андрей Щербаков, мудири шӯъбаи фаъолияти илмии Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин хабар дод.
Тибқи натоиҷи пешакии он, хонандагони синфҳои болоӣ, донишҷӯёни коллеҷу донишгоҳҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон пеш аз ҳама ба сифати олии таҳсилотии муассисаҳои таълимии Русия таваҷҷӯҳ доранд.
Дар ҷои дуюм имкони на танҳо таҳсил, балки зиндагӣ ва кор дар Русия аст, зеро баъзе аз нафароне, ки дар пурсиш иштирок карданд, мехоҳанд дар оянда дар ин кишвар бимонанду кору зиндагӣ кунанд.
Конкурс Территория профессионалов в рамках сотрудничества для студентов ближнего зарубежья - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Аз ҷуброни билет то курсҳои ройгон: пешниҳоди донишгоҳи Русия барои ҷалби донишҷӯёни тоҷик
Донишҷӯён инчунин ниёз ба онҳо дар бозори меҳнатро низ мебинанд. Ба гуфтаи Щербаков, ин аз посухи посухдиҳандагон шаҳодат медиҳад.
Дар саволнома хатҳои боз буд, ки дар он пуришшудагон назари худро метавонистанд нависанд.
Маълум шуд, ки донишҷӯёни эҳтимолии донишгоҳҳои Русия имкони машғул шудан ба варзиш, донистани забони русиро ҳамчун забони модарӣ ва омӯзонидани он ба фарзандони худро қадр мекунанд ва ҳамчунин аз сарчашмаҳои зиёди илмӣ – ки зоҳиран дар китобхонаҳо мавҷуданд, истифода мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0