Дар Душанбе беҳтарин ширкати сайёҳиро муайян мекунанд

© PixabayГорный турист
Горный турист - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барои муайян кардани беҳтарин ширкати гардишгарӣ озмунеро таҳти “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе” эълон кардааст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе” баргузор мегардад, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ, барои ширкатҳое, ки дар ин озмун ҷойи якум касб мекунанд – 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 5 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.
Таъкид шудааст, ки дар озмун ширкатҳои сайёҳие иштирок хоҳанд кард, ки танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд.
Рустам Эмомали подписывает документ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.08.2022
Ихтисоси беш аз 1 млн сомонӣ барои озмун дар васфи Душанбе
Шаҳрдори барои иштирок дар озмун ба ширкатҳои гардишгарӣ рӯйхати санадҳои зеринро нашр кардааст: дархост барои иштирок дар озмун, нусхаи Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, пешниҳоди маълумот доир ба хатсайрҳои сайёҳии ширкат ва дигар хизматрасониҳо (дар шакли диск, буклет ва ғайра), пешниҳоди маълумот доир ба шумораи сайёҳони воридотию содиротӣ ва дохилӣ ва маълумот дар бораи мавҷудияти сомонаи алоҳида дар шабакаи интернет, почтаи электронӣ, саҳифаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои сайёҳӣ зарур аст.
Инчунин иштирокчиёни озмун метавонанд маълумоти иловагиро доир ба комёбиву дастовардҳои худ, инчунин диплому ҷоизаҳо, сипосномаҳоро аз намоишгоҳу чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ пешниҳод созанд.
Лентаи хабарҳо
0