Фаридун Одилов бо ташкилоти ACA шартнома баст

© Акс аз бойгонии Фаридун Одилов Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов
Варзишкори тоҷик Фаридун Одилов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
Санаи баргузории муборизаи ӯ ва номи аввалин рақиби Терминатори тоҷик пас аз барканор шудан аз тими Eagle FC ҳоло эълон нашудааст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Размикори тоҷик Фаридун Одилов ба феҳристи вазнҳои сабуки Absolute Championship Akhmat.шомил шуд.
Дар ин бора дафтри матбуотии ташкилот хабар додааст.
Санаи баргузории набард ва номи рақиби аввали Одилов дертар эълон хоҳад шуд.
Терминатори тоҷик то кунун 12 пирӯзӣ (аз он 10-тоашро пеш аз мӯҳлат ба даст овардааст), 2 мусовӣ ва 2 бохт дорад.
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2022
Замону макони нахустин набарди Алиев дар UFC маълум шуд
Охирин набарди Одилов моҳи декабри соли 2021 доир гардид, ки размикори 29-солаи тоҷик Эноко Торреси испаниро шикаст дод. Мубориза 3 дақиқаю 37 сония давом карда, дар даври якум ба охир расид.
“Вазнаш 1,5 кило зиёд баромад”: муҳорибаи “Терминатор” и тоҷик лағв шуд
Моҳи декабри соли равон ӯ мебоист бо Даврон Ермекови қазоқ қувваозмоӣ мекард, аммо аз вазнченкунии назоратӣ гузашта натавонист. Дар натиҷа, варзишкори тоҷик аз Eagle FC ихроҷ шуд.
Гуфта мешуд, ки дар сурати пирӯзӣ бар варзишгари қазоқ, Одилов роҳро ба созмони UFC боз мекард.
Лентаи хабарҳо
0