Маҳсулот ба қадри кофист: Тафтиши шахсии раиси вилояти Суғд аз бозори "Панҷшанбе"

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар бозори Панҷшанбе
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар бозори Панҷшанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд бо талошу заҳматҳои кишоварзону саноатчиёни вилоят дар бозорҳо тамоми намуди маҳсулот ба қадри кофӣ мавҷуд мебошад
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ахиран раиси вилоят Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан аз бозори марказии "Панҷшанбе" хабар гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, мақсади шиносоӣ аз бозори "Панҷшанбе" ин ошнои бо нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ мебошад.
Зимни боздид раиси вилоят мушоҳида кардааст, ки дар бозори марказии шаҳри Хуҷанд маҳсулоти озуқаворӣ фаровон буда, аксари маводи ниёзи аввал истеҳсоли дохилӣ мебошад.
Баргузории Шӯрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар кардани вазъи соҳибкорию сармоягузорӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Дар Суғд ҳамагӣ 12 маъюбу иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст
“Ба талошу заҳматҳои кишоварзону саноатчиёни вилоят дар бозор тамоми намуди маҳсулот ба қадри кофӣ мавҷуд буда, сокинон маводи зарурии худро харидорӣ мекунанд”,- гуфт ӯ.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ раиси вилоят аз растаҳои гуногуни бозори "Панҷшанбе" боздид карда, ба масъулини мақомоти давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон дастур дод, ки аз ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулот дар шабу рӯзҳои солинавӣ ҷилавгирӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0