Нахустин парвози ширкати ҳавоии “Jazeera Airways” ба Душанбе

Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ахиран дар масири Ал-Кувайт-Душанбе-Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд, иттилоъ додааст “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе”
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, нахустин парвоз тариқи ҳавопаймоии ширкати “Jazeera Airways” сурат гирифтааст.
“Ҳавопаймо соати 17:42 ба вақти маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад ва пас аз 1 соату 30 дақиқа ба Ал-Кувайт бармегардад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Мусофирони нахустин парвозро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, Менеджери минтақавии кишварҳои Халиҷи ширкати “Jazeera Airways” ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шудааст.
Мулоқоти  Раиси Маҷлиси миллии Давлати Кувайт Марзуқ Алӣ ал-Ғоним Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2021
Сафири тоҷик номаи Рустами Эмомалиро ба раиси маҷлиси Қувайт расонид
Мақомоти Тоҷикистон бар ин назар аст, ки пас аз ифтитоҳи ин хатсайр шумораи сайёҳон аз ҳар ду тараф меафзояд ва ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ тақвият ёфта, ин омил ба гардиш ва содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба Давлати Кувайт ва дигар кишварҳои Халиҷ мусоидат менамояд.
Қайд карда шудааст, ки шурӯъ аз 29 декабр, парвозҳо рӯзҳои панҷшанбе ва шанбе ба нақша гирифда шудаанд.
Ширкати “Jazeera Airways”, ки соли 2004 ташкил шудааст, дорои тақрибан 20 ҳавопаймои Airbus 320 ва Airbus 321 мебошад.
Лентаи хабарҳо
0