Посухи Лавров ба иттиҳоми Ғарб дар бораи интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Русия

© AP / Iranian ArmyИранские военные учения с применением беспилотников
Иранские военные учения с применением беспилотников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири корҳои хориҷаи Руися мегӯяд, Ғарб далел дар бораи интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон ба Русияро пешниҳод накардааст
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Изҳороти Ғарб дар бораи интиқоли эҳтимолии бесарнишинҳои эронӣ ба Русия ҳамонон бидуни исбот боқӣ мемонад.
Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт
"Ғарбиён дар Шӯрои Амнияти СММ дар робита ба интиқоли эҳтимолии "дронҳои бесарнишин"-и эронӣ ба Русия сару садоеро сар карданд. Чун маъмулӣ ҳама чиз ба шеваи ""highly likely"" (англисӣ. "бо эҳтимоли зиёд" - ред.) аст. Онҳо далел оварда наметавонанд, ва кӯшиш ҳам намекунанд”, - гуфт Лавров.
Қаблан Сергей Вершинин, муовини ВКХ Русия низ гуфта буд, ки кишварҳои ғарбӣ Русия ва Эронро муттаҳам мекунанд, ки гӯё дар таъмини ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамкорӣ мекунанд, то нокомии онҳо дар иҷрои тавофуқи ҳастаии Эрон (Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал дар бораи барномаи ҳастаии Эрон)-ро пинҳон кунанд.
Ғазаби онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи сарнавишти ояндаи БАРҶОМ як раванди дарднок идома дорад.
Беспилотник в небе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Русия аз Эрон ҳавопаймоҳои бесарнишин гирифт ё на? посухи ВКХ
Кишварҳои ғарбӣ иддао доранд, ки гӯё Эрон дар ҳоли ҳозир ба Русия ҳавопаймоҳои бесарнишинро барои амалиёти низомӣ дар Украина таъмин мекунад. Маскав ва Теҳрон чунин иттиҳомотро рад карданд.
Вазири умури хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён гуфт, ки Теҳрон чанд моҳ пеш аз оғози амалиёти вижа дар Украина ба Федератсияи Русия ҳавопаймоҳои бесарнишин додааст, на дар даврони амалиёт.
Лентаи хабарҳо
0