Раиси Данғара ғолиби озмуни ҷумҳуриявии китобхониро қадрдонӣ кард

© Depositphotos.com / IrochkaЛежащие на книжной полке открытые книги
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раиси Данғара зодаи ин ноҳияро, ки дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баранда гардид, бо мукофотпулӣ қадрдонӣ намуд
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. "Ифтихорнома" ва мукофоти пулиро раиси ноҳияи Данғара, Исломиддин Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба хонандаи мактаби ин ноҳия, Шаҳло Сайдалиева тақдим намуд.
Ба иттилои ҳукумати Данғара, Исломиддин Раҳмон хонандаи синфи 10-и мактаби №8-и ноҳияро бо 10 ҳазор сомонӣ тақдим кард.
Раиси ноҳияи Данғара ҳамчунин ба барандаи ҷойи сеюми даври ниҳоии озмуни "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" Искандар Маҳмадшозода низ "Ифтихорнома"-ю мукофоти пулӣ додаст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ҷамъбаст гардид.
 Дар Душанбе китобхонони Тоҷикистонро қадрдонӣ карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2022
Қадрдонии шаҳрвандони китобхон дар Душанбе - видео
Шоҳҷоизаи озмунро Шаҳло Сайдалиева ва 70 ҳазор сомонӣ гирифт. Ҳамчунин ғолибону барандагони ҷоизаҳо аз рӯйи 13 номина эълон ва қадрдонӣ шуданд.
Дар даври ниҳоии озмун 442 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла 229 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ - аз синфи 1 то 11 иштирок доштанд.
Ҳудуди 83 нафарашон донишҷӯён -магистрантон, аспирантони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва баъдидипломӣ, 130 нафар омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун миёни ҳам рақобат намуданд.
Лентаи хабарҳо
0