Қӯе аз зери фаранҷӣ зуҳур кард: пирӯзии зебосанами тоҷики Ӯзбекистон дар озмуни ҷаҳонӣ

© из личного архива Нигины ФахриддиновойМодель Нигина Фахриддинова
Модель Нигина Фахриддинова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
Модели тоҷиктабори Ӯзбекистон, ки дар Осиёи Марказӣ маъруф аст, ғолиби озмуни байналмилалии зебоии "Miss international 2022" дониста шуд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Забосанами тоҷиктабори Ӯзбекистон, Нигина Фахриддинова, дар номинаи беҳтарин лисбоси миллӣ дар озмуни "Miss international 2022" барандаи ҷои аввал шудааст.
Фахриддинова бо фаранҷӣ ба саҳна баромада, сипас онро гирифта, бо либоси қумонанде бо парҳои латиф намудор шуд.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард, ки дар озмуни ҷаҳонӣ намояндагони 68 давлат иштирок намуданд, ки баргузории он ба далели пандемия чанд сол ба таъхир афтода буд.
© из личного архива Нигины ФахриддиновойМодель Нигина Фахриддинова
Модель Нигина Фахриддинова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Модель Нигина Фахриддинова
Ба гуфтаи ӯ, баргузоркунандагон дар аввал либосҳои вазнинро иҷозат надодаанд, аммо ӯ тавонистааст, ки онҳоро муътақоид созаду зебоии либоси шарқиро намоиш диҳад.
Вай афзуд, ки либос тақрибан 30 кило вазн дошта, пурра дастӣ дӯхта шудааст. Нигина нақл мекунад, ки зери бори ин вазн ду соат бо пойпӯшҳои пошнабаланд истод, ки осон нест.
"Тамоми вазн ба сутунмӯҳра ва дастҳо афтод. Ман дар пойафзори пошнабаланд доштам, чапан зери пой мемонд. Паси парда истода, ашкҳоямро базӯр нигоҳ доштам", - зикр намуд модел.
Вай инчунин изҳор дошт, ки ин озмун барояш таҷрибаи хубе шуд ва дар соли 2023 талош мекунад дар мусобиқаҳои боз ҳам пурнуфузтар ба монанди "Зебосанами ҷаҳон" иштирок намояд.
Ҷавон духтари тоҷик барандаи ин озмун шудааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2022
Духтари тоҷик барандаи озмуни "Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия" шуд - видео
Фахриддинова аз муваффақтарин модел дар Ӯзбекистон ва яке аз машҳуртарин зебосанамҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ӯ қаблан дар озмунҳои "Miss Intercontinental Uzbekistan - 2019", "Top Model Friendship - 2018", "Fashion Model SNG 2018" баранда шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0