Бидуни имдодгарони зан кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон имконпазир нест

© AP / Ebrahim NorooziАфганская женщина. Архивное фото
Афганская женщина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
Созмонҳои ҷаҳонӣ пешбинӣ кардаанд то фаъолиятҳояшон дар Афғонистон мутавақиф шавад, чун ироаи кумакҳои башардӯстона бидуни имдодгарони зан имконпазир нест
ДУШАНБЕ, 30 дек – Sputnik. Мудирони кумитаҳои бистгонаи Созмони Милали Муттаҳид ва кумакрасон аз ҷумлаи дафтари Созмони Милал барои ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстона дар баёнияи муштарак гуфтаанд, мамнуъияти кори занон зарбаи бузурге ба бахшҳои осебпазири ҷомеъа аз ҷумла занон ва кӯдакон мезанад, хабар додааст Sputnik Афғонистон.
Дар эъломияи муштараки кумитаҳои бистгонаи СММ гуфта шудааст, ки занон бо ифои нақши омузгорон, коршиносони тағзия, раҳбарони тимҳо, коркунони беҳдошт, воксинотурҳо, парасторон ва доктрон метавонанд ба ҷамъиятҳое дастрасӣ дошта бошанд, ки мардон қодир ба он нестанд.
Мудирони созмонҳои ҷаҳонӣ гуфтаанд, ки кормандони зан калиди муҳими посух ба буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ҳастанд.
"Занон бо ифои нақши омузгорон, коршиносони тағзия, раҳбарони тимҳо, коркунони беҳдошт, воксинотурҳо, парасторон ва доктрон метавонанд ба ҷамъиятҳое дастрасӣ дошта бошанд, ки ҳамкорони мардашони қодир ба он нестанд", - гуфта шудааст дар ин баёния.
Тибқи эъломия ҳамакнун бархе барномаҳои башардӯстона ба далел набуди кормандони зан дар созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон муваққатан мутаваққиф шудааст, дар ҳоле, ки 28 миллион тан барои зинда мондан ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
Экс-президент Афганистана Хамид Карзай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Карзай: Амрико дар фасоди Афғонистон нақш дошт
Мудирони кумитаҳои бистгонаи СММ гуфтаанд, ки мушорикати занон дар кумакрасонӣ қобили музокира нест ва бояд идома ёбад.
Онон пешбинӣ кардаанд, ки мумкин аст бисёре аз фаъолиятҳояшон дар Афғонистон мутаваққиф шавад, чун ироаи кумакҳои башардӯстона бидуни имдодгарони зан имконпазир нест.
Созмонҳо аз толибон хостанд, ки тасмими мамнуъияти кор, омузиш ва таҳсили занонро лағв кунанд ва ҳеҷ кишваре наметавонад нисфе аз ҷамъияти худро аз мушорикат дар ҷомеъа маҳрӯм кунад.
Лентаи хабарҳо
0