Нахустин ҷарроҳии ҷудо кардани "дугоникҳои сиамӣ" дар Тоҷикистон: духтарча зинда монд

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Обуна шудан
Табибон ҷони яке аз навзодонро, ки дар батни модараш бо навзоди дигар пайваст шуда будаст, наҷот додаанд, аммо барои наҷоти дуюмӣ аллакай дер шуда буд
ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Нахустин ҷарроҳии ҷудо кардани "дугоникҳои сиамӣ" дар шаҳри Душанбе бомуваффақият анҷом ёфт, иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷарроҳӣ дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон - "Шифобахш" гузаронда шуд. ҷарроҳии нави аз ҳам ҷудо намудани кӯдакони якҷоя таваллудшуда ва ё ба истилоҳи тиббӣ “дугоникҳои сиамӣ” бомуваффақият гузаронида шуд.
Таъкид шудаст, ки таваллуд аз тариқи буриши қайсарӣ гузаронида шуд, ки аллакай яке аз навзодон - ҷинсаш писар аллакай фавтида, ҳолати духтарча хуб аст.
Ҷарроҳон тифлони часпидаро ҷудо намудаанд ва ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳолати духтарча хуб мебошад.
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Маълум шуд, ки дар вилояти Суғд чанд кӯдак алайҳи бемории хатарнок моякӯбӣ шудааст
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки дар кӯдак ягон ориза ба назар нарасидааст.
"Бо таҷрибаи ҳосилшуда кӯшиш ба харҷ дода мешавад, то маҳорату малакаи табибон боло бурда шавад ва гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ минбад низ дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати тандурустӣ.
Вазорат зикр намудаст, ки бемориҳои нуқси модарзодӣ ва ё "дугоникҳои сиамӣ" яке аз мушкилоти ҷиддии соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ҳамакнун табибони тоҷик бобати густариш додани ҷарроҳии мазкур таҷрибаи хубе ҳосил намуданд.
Наздикони тифли ба тозагӣ ҷарроҳишуда аз шароити мусоиди фароҳамгардида ва аз малакаи кории мутахассисон изҳори қаноатмандӣ кардаанд, афзуд Вазорати тандурустӣ.
Лентаи хабарҳо
0