Шаҳрдории Душанбе сокинонро ба шоу-барномаи солинавӣ ба майдони “Истиқлол” даъват кард

© Sputnik Новогодние украшения в Душанбе
Новогодние украшения в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Обуна шудан
Мақомоти шаҳри Душанбе барои сокинону меҳмонон шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони кишвар омода намудааст
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Шоми 31 декабр, соати 20:30 дар майдони “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ интизор аст, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Иттилоъ дода шудааст, ки баъди тамошои барномаи ҷолибу диданӣ дар майдони “Истиқлол” ба муддати 4-5 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Раҳмон: Умедворам мардуми мо дар соли нав иқдоми созандаву ободгаронаро густариш медиҳанд
Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино-назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ — назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешаванд.
Ҳамзамон бо ташаббуси Мақомоти шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол”-и майдони “Истиқлол”-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуда, барои сокинону меҳмонони пойтахт дар ин макон 22 адад дӯконҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, армуғонҳо, туҳфаҳо ва хӯрокҳои тезтайёр гузошта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0