Ифтитоҳи маркази тиҷорати байналмилалии ҷадид дар марзи Ӯзбекистону Афғонистон

© Sputnik / Павел ЛисицынГенеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Расонаҳои дар бораи ифтитоҳи Маркази тиҷорати байналмилалии дар шаҳри марзии Термез хабар доданд. Ин Марказ пурра дар се моҳаи аввали соли 2023 анҷом меёбад
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Аввалин блоки Маркази тиҷорати байналмилалии ҷадид дар Термез дар марзи Ӯзбекистон ва Афғонистон ифтитоҳ шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, дар бораи ифтитоҳи ин марказ ахиран дар рӯзномаи давлатӣ "Янгии Ӯзбекистон" (Ӯзбекистони ҷадид) гузорише ба нашр расидааст.
Ин маҷмуъа дорои як минтақаи тавлид ва тадорукот, як маркази пизишкӣ ва як тарабхона аст. Блокҳо дар минтақаи хариди марказ, ки барои 4000 фурӯшгоҳи тарроҳӣ шудааст, барои корофаринон дар дастрас қарор гирифтааст.
Посол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Табрикномаи ғалатии сафири Афғонистон дар Тоҷикистон
Роҳандозии комили ин пружа барои се моҳаи аввали соли 2023 барномарезӣ шудааст .
Интизор меравад ин маркази тиҷорати байналмилалии солона 500 миллион доллар гардиши молӣ ва 10 миллион доллар дар хадамот эҷод кунад. Ҳамчунин меҳмонхона бо 300 тахт хоҳад дошт.
Атбои хориҷӣ ва ашхос ҳуқуқӣ метавонанд фазоҳои хурдафурӯширо дар муҷтамаъ харидорӣ кунанд ё онҳоро иҷора кунанд ва ё ҳам дар шароити хос ба сурати ройгон ба даст биоваранд.
Атбоъи Афғонистон метавонанд барои мақосиди тиҷорӣ бидуни виза то 10 рӯз дар муҷтамаъ иқомат кунанд. Роҳандозииин маркази тиҷорат бо Афғонистонро ба 1,2 миллиард доллар афзоиш медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0