Обуҳавошиносони тоҷик иштибоҳ карданд: Дар Душанбе барфи солинавӣ борид

© Sputnik Первый снег в Душанбе
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сокинону меҳмонони Тоҷикистон соли нави милодиро бо барфи деринтизор пешвоз хоҳанд гирифт. Дар Душанбе барфи деринтизори солинавӣ борид
ДУШАНБЕ, 31 дек – Sputnik. Қаблан Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки 31 декабр сокинони кишвар Соли навро бе барф пешвоз мегиранд.
Аммо обуҳавошиносони тоҷик иштибоҳ карданд ва табиат нақшаи дигар доштааст. Имрӯз ҳаво сокинону меҳмонони Тоҷикистонро бо барфи деринтизор дар соли нави мелодӣ шод кард.
Бояд тазаккур дод, ки барфи солинавӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва бахусус сокинони шаҳри Душанбе табъи идона зам мекунад ва онҳо соли навро бо шодиву сурур пешвоз мегиранд.
Новогодние украшения в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2022
Тоҷикистониён Соли нави милодиро бидуни барф пешвоз мегиранд
Дар ҳамин ҳол, мудири Маркази обуҳавошиносии Русия Роман Вилфанд з гуфт, ки дар шаби Соли дар пойтахти Тоҷикистон ҳаво аз ҳарвақта сардтар хоҳад буд: нишондодҳои ҳароратсанҷ аз нишондиҳандаи миёнаи чандинсола пасттар хоҳанд шуд.
“Дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад — ҳарорат дар он ҷо аз меъёри муқаррарӣ 4-6 дараҷа поёнтар аст”, — изҳор дошт Вилфанд.
Мудири Маркази обуҳавошиносии Русия илова кард, ки “сардӣ”-е, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад, ба оқибатҳои ногувор оварда намерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаби Соли нав дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво бояд ҳудуди 0 дараҷа гарм шавад.
Лентаи хабарҳо
0