Афзоиши интиқоли пул аз Русия ба Мастчоҳ аз сӯи муҳоҷирони корӣ

© Sputnik Таджикские сомони
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Эксклюзив
Бо вуҷуди вазъи мураккаб ва низоъ дар Украина, муҳоҷирони кории ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд давоми соли 2022 аз Русия маблағи бештаре интиқол додаанд
ДУШАНБЕ, 1 янв – Sputnik. Идораи рушди иқтисод ва савдои ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ афзоиши ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон, ки аз Русия ба ноҳияро шарҳ доданд.
Ҳофизхон Файзиев, мутахасиси бахши рушди иқтисод ва савдо дар ноҳияи Мастчоҳ зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки дар ин давра мизони интиқоли пули муҳоҷирон бештар шудааст.
“Давоми 11 моҳи соли 2022, 651, 3 миллион сомонӣ аз ҷониби муҳоҷирон аз ҳудуди Русия ворид шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли гузашта 295, 4 миллион сомонӣ ва ё 183 дарсад зиёд мебошад” – қайд намуд, Файзиев.
Ин масъули ҳукумат, афзоши интиқоли пули муҳоҷиронро ба якчанд омилҳо рабт дод, ки яке аз онҳо фаъол шудани пардохтҳои электронӣ дар низоми бонкӣ будааст.
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Таъйиноти кадрии пеш аз Соли нав дар Мастчоҳ: Шарифов вазифаи нав гирифт, ӯ кист?
Аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ, зиёд шудани шумори муҳоҷирон аст.
Бино ба андешаи таҳлилгарон ба фарқ аз соли 2020, ки ба далели хуруҷи пандемияи COVID-19 марзҳо баста буд, соли ҷорӣ бо беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ ва боз шудани хатсайрҳои ҳавопаймоӣ ва ниҳоят қатораӣ шумори бештари сокинони ноҳия барои рафтан ба муҳоҷирати корӣ ба Русия имкон пайдо намуданд.
Бар пояи иттилои расмӣ, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 4, 8 ҳазор сокини ноҳияи Мастчоҳ ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Русия рафтаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи соли 2021, кам ё беш аз 600 нафар гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0