Охирин гашти Шоҳи футбол дар кӯчаҳои Сантос: маросими видоъ бо Пеле

Обуна шудан
Маросими видоъ бо Шоҳи футбол дар варзишгоҳи бошгоҳи "Сантос" баргузор мешавад, мешавад, ки маҳз аз ҳамин макон ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард
Тобути қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Пеле ба варзишгоҳи бошгоҳи футболи "Сантос" бурда шуд.
Дар ин бора писари бозигар Эдсон Чолби до Насименту изҳор доштааст.
Тавре дар наворҳо мушоҳида мешавад, кортежи маросими дафнро мухлисони бозигари афсонавӣ дар кӯчаҳо пешвоз гирифтанд.
Дар варзишгоҳ бошад, ҳама чиз барои маросими видоъ омода аст. Минбарро навиштаҷоти "Зинда бод шоҳ" оро додааст.
Шоҳи футбол даргузашт: Мотам дар Бразилия ва маросими видоъ - видео
Маврид ба зикр аст, ки Шоҳи футбол, футболбози асру ҳамаи замон дар синни 82-солагӣ бар асари саратони меъда дунёро падруд гуфт.
Бемории саратони меъда дар Пеле сентябри соли 2021 ошкор шуда, аллакай моҳи апрели соли 2022 бистарӣ шуда буд. Инчунин аз бемории гурда ва дарди рон ранҷ мебурд.
Бисёре аз ситораҳои футболи замони муосиру мақомдорони бахши варзиш дар ниҳодҳои байналмилалӣ даргузашти Пелеро талафоти бузург унвон карда, афзуданд, ки ӯ намиранда ва барои ҳамеша дар таърихи варзиш хоҳад монд.
Дар ҳайати тими миллии Бразилия Пеле ҳамоно ягона бозигар аст, ки 3 маротиба - солҳои 1958, 1962 ва 1970 қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Пеле ва Марадона: қаҳрамонҳои асосии футбол дар деворҳои Қатар - акс
Вай ҳамчун муаллифи 1283 гол дар Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст.
Пеле, ки номи аслияш Эдсон Арантес ду Насименто мебошад, асосан дар ҳайати "Сантос"-и Бразилия бозӣ кард.
Соли 1999 Кумитаи байналмилалии олимпӣ Пелеро бузургтарин варзишгари таърих эълон кард. Ӯ ҳамчунин аз сӯи ФИФА беҳтарин футболбози асри 20 ва узви тими ҷаҳонии рамзии ҳама давру замон маҳсуб унвон гирифт.
Лентаи хабарҳо
0