Дар Қирғизистон бо фонограмма сурудхониро манъ карданд- рӯйхати ҷойҳо

© Bill SelakМикрофон, архивное фото
Микрофон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сарояндагӣ дар Қирғизистон барои афроде, ки овози хуб надоранд мушкил хоҳад шуд, зеро дигар онҳо иҷзоаи истифодаи фонограммаро нахоҳанд дошт
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар Қирғизистон бо фонограмма сурудхонӣ карданд манъ гардид.
Фармони дахлдорро дар ин бора вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Олтинбек Мақсутов содир кардад.
Бинобар фармон ҳамакнун иҷрои таронаҳо ба саундтрек ва ё фонограмма дар барномаҳои фарҳангии ҳама муассисаҳои давлатии фарҳангӣ ва маърифатӣ манъ кард карда мешавад.
Концерт Далера Назарова в Москве 26 декабря 2022 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2022
Аз ҳайкалтарош то суфӣ: Далер Назаров маскавиҳоро бо ҳунарнамоияш ба ваҷд овард
Сухан дар бораи театрҳо, иншоотҳои варзишӣ, филармония, толорҳои консертӣ, кинотеатрҳо, клубҳо, музей ва китобхонаҳо меравад.
Истифодаи фонограмма дар чорабиниҳои оммавӣ низ манъ аст. Фармон аз 1 январ эътибор пайдо кард.
Масъулият барои иҷрои он ба зиммаи роҳбарони муассисаҳои номбаршуда гузошта мешавад ва иҷрои онро вазир назорат мекунад.
Қаблан низ дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки назорати истифодаи фонограмма аз ҷониби сарояндаҳои кишварро ба даст мегиранд, аммо дар ин замина ягон қарори дахлдор қабул нагардидааст.
Лентаи хабарҳо
0