Foreign Policy: роҳбарони толибон пули кумакҳоро медузданд

Денежные купюры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Гузоришҳо дар бораи нарасидани кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон борҳо аз ҷониби сокинони маҳаллӣ ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ садодода буд
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Раҳбарон ва фармондеҳони толибон аз даҳҳо миллион долларе, ки тавассути ҳавопаймо ба кишвар ворид шуда буданд, дуздидаанд.
Дар ин бора маҷаллаи "Foreign Policy" дар нашри ахираш гузориш додааст.
Ба иттилои манбаъ, саркардагони гуруҳи ҳоким бар Афғонистон ин пулро барои нигоҳ доштани "тарафдоронаш" истифода кардаанд.
Ҳамчунин ин пули нақд барои ғизо ва маблағгузории амалиёти хусусӣ истифода мешавад.
Афганские женщины на авиабазе Ramstein в Германии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
СММ аз толибон хост, ки ба занон иҷозаи кор диҳанд
Шикоятҳои тӯлонӣ дар бораи мамнӯъияти кумакҳои башардӯстонаи толибон ба бархе аз ҷамоатҳо ва вилоятҳои саросари Афғонистон расидаанд.
Ҷабҳаи муқовимат қаблан гуфта буда, ки ин гуруҳ барои нигоҳ доштани нерӯи низомияш аз кумакҳои башардӯстона истифода мекунад ва қисмати каме аз онро ба сокинон медиҳад.
Ҳамзамон гуруҳи такқавмӣ, ки ҳамагӣ дар раъс паштунҳоянд, дар тақсими кумакрҳо низ сокиноин Афғонистонро ба худию бегона ҷудо мекунанд.
Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, 97 дарсади аҳолии Афғонистон дар фақр ба сар мебаранд ва миллионҳо нафар барои зинда мондан ба кумакҳо вобастаанд.
Қаблан ин созмон ҳушдор дод, ки бо фаро расидани зимистон, вазъият дар Афғонистон вахимтар хоҳад шуд, зеро қимати маводи хурокӣ ва сӯхт аз қабл дар ин кишвар афзоиш ёфтааст ва бо сард шудани ҳаво қиматҳо ба осмонӣ хоҳад расид.
Афганская женщина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2022
Бидуни имдодгарони зан кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон имконпазир нест
Бо ишора ба вазъияти кунунӣ дар Афғонистон гуфта мешавад, ин кишвар аз дер муддатзамон ба ин ба шиддати вобаста ба кумакҳои инкишофии ҷомеъаи байналмилалӣ будааст кумакҳое, ки пас аз мусаллат шудани толибон дар августи соли 2021 қатъ шуд.
Бино ба гузоришҳо беш аз 50 дарсад ҷамъияти Афғонистон беш аз 24 миллион нафар ба кумакҳои башарӣ ниёзманд ҳастанд тахминан се миллион кӯдак аз сӯйи тағзия ранҷ мебаранд, ки аз он ҷумла бар асоси тахмин, беш як миллион кудак бо сӯйи тағзияи шадид дасту панҷа нарм мекунанд ва агар ба хадамоти сиҳӣ муносиби дастрасӣ пайдо накунанд, онон мумкин бо таҳдиди марг мувоҷеҳ шаванд.
Лентаи хабарҳо
0