Сунак бо оқибатҳои даҳшатноки сиёсати зиддирусия рӯбарӯ шуд

© AP / Henry NichollsБританский премьер-министр Риши Сунак выступает на встрече Объединенного экспедиционного корпуса в Латвии
Британский премьер-министр Риши Сунак выступает на встрече Объединенного экспедиционного корпуса в Латвии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мушкилоти ҷиддии дохили кишвар райбарияти онро дар ҳайрат гузошт - вақте ки вазъ боз ҳам бадтар мешавад, сарвазири Бритониё чӣ кор хоҳад кард?
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Як қатор мушкилоти ҷиддӣ дар соли 2023 бар сари сарвазири Бритониё Риши Сунак ба вуҷуд омад. Дар ин бора рӯзномаи Daily Mail менависад.
Пештар дар суханронии солинавии худ раҳбари Бритониё гуфта буд, ки Лондон аз "дӯстони украинӣ" дар мубориза бо "амалҳои бераҳмонаи Путин" пуштибонӣ хоҳад кард.
Сунак дақиқ кард, ки авлавиятҳои бритониёиҳо дар ҷойи аввали ҳокимият ба миён гузошта мешаванд.
Чунон ки нашрия қайд мекунад, сарвазир бо даъвати "мубориза акнун сар мешавад" ба аъзоёни ҳизбаш муроҷиат карда, ваъда дод, ки мамлакате барпо кунад, ки ояндагон фахр кунанд.
Флаг Великобритании на машине главы МИД Британии Элизабет Трасс - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2022
Бритониё бо бадтарин буҳрон рӯ ба рӯст
Бо вуҷуди ин, ӯро воқеияти даҳшатовар фаро гирифтааст, навиштаанд дар нашрия.
Аввалин хабари такондиҳанда барои раҳбари бритониёӣ ифшои "фалокатбор"-и сардухтури ёрии таъҷилии маҳаллӣ буд, ки гуфт, бар асари нобарориҳо дар шӯъбаҳо ҳар ҳафта то 500 нафар мемиранд.
"Зарбаи дуввум ин буд, ки тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта, сарфи назар аз кӯшишҳои зиёди вазирон барои боздоштани қочоқи одамон, 45 ҳазору 756 нафар муҳоҷир ба миқдори рекордӣ аз Ла-Манш убур карданд", - таъкид мекунад рӯзнома.
Илова бар ин, иттифоқҳои роҳи оҳан боз корпартоии нақлиётиро ба нақша гирифтаанд ва эътирозҳои бештари ҳамшираҳои шафқат ва кормандони ёрии таъҷилӣ дар пешанд.
Ба болои ҳамаи ин мушкилот, монанди афзудани таваррум ва буҳрони хароҷоти зиндагонӣ боқӣ мондаанд, менависад рӯзномаи "Дейли мейл".
Новый лидер Консервативной партии и новый премьер-министр Риши Сунак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.10.2022
Сунак даъват кард, ки ба муноқишаи Украина нуқта гузошта шавад
Ёдовар мешавем, ки Ғарб ба далели вазъ дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш додааст. Қатъи занҷирҳои таъминот боиси болоравии нархи сӯзишворӣ ва ғизо дар Аврупо ва ИМА гардид.
Дар Британияи Кабир афзоиши қимати зист миллионҳо хонаводаҳоро фаро гирифтааст. Идораи молии Бритониё қаблан гузориш дода буд, ки тақрибан 32 миллион сокини кишвар (60% аҳолии калонсол) дар шароити афзоиши таваррум ва болоравии рекордии қимати зиндагӣ барои пардохти ҳисобҳои худ мубориза мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0