Володин: соли 2023 бояд соли пирӯзии Русия бошад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПредседатель Государственной думы РФ Вячеслав Володин, архивное фото
Председатель Государственной думы РФ Вячеслав Володин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Обуна шудан
Раҳбари Думаи давлатии Русия бар ин аст, ки барои расидан ба аҳдофи гузошташуда ва пирӯзӣ шаҳрвандонро зарур аст, ки самаранок заҳмат кашанд
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Ҳодисаҳои таърихии соли гузашта равандҳоеро оғоз карданд, ки натиҷаҳои онро соли 2023 дидан мумкин аст.
Соли нав барои Русия бояд соли рушд ва пирӯзӣ гардад, гуфт Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия.
"Соли гузашта рӯйдодҳои таърихӣ рух доданд. Мо якҷоя тавонистем ба чолишҳо ва таҳримҳои кишварамон тоб оварем. Қарорҳои тақдирсоз аз ҷониби президент барои таъмини амният ва ҳифзи соҳибихтиёрии Русия қабул шуданд. Равандҳо оғоз шуданд, ки натиҷаи онҳо мо соли 2023 мебинад", навиштааст ӯ дар канали Телеграми худ.
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Дар Ғарб асрори устувории иқтисоди Русияро ошкор карданд
Ба гуфтаи вакили парлумон, соли 2023 дар рушди Русия ва ҳамчунин тамоми ҷаҳон дар тӯли даҳсолаҳои оянда бисёр чизҳоро муайян хоҳад кард.
"Соли оянда — дар асоси ягонагии шарҳвандони мо — бояд соли тараққиёт, соли Ғалабаи умумӣ гардад", — боварй дорад Володин.
Ба андешаи ӯ, барои он ки ин ҳарчи зудтар имконпазир гардад, "ҳамаи мо бояд ҳар кадом дар маҳалли худ самараноктар кор кунем".
"Ба хотири ояндаи осоиштаи кишвар ва некӯаҳволии шаҳрвандони мо", - афзуд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0