Боздиди ҳашт ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Суғд

© Sputnik Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда
Туристы фотографируют посёлок городского типа Степанцминда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти вилояти Суғд таъкид кардаанд, ки сайёҳони хориҷӣ бештар ба вилоят барои боздид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳо меоянд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар ёздаҳ моҳи соли равон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои вилояти Суғд зиёда аз 133,8 ҳазор нафар, аз ҷумла 8 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ боздид намуданд, иттилоъ додааст дафтраи матбуоти мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, инчунин дар меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо зиёда аз 92,6 ҳазор нафар табобату истироҳат карданд, ки аз онҳо наздик 11,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд.
Тибқи иттилои мақомоти вилояти Суғд ҳоло дар вилояти Суғд 41 ширкати сайёҳӣ ва 2 ташкилоти ҷамъиятӣ–Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мебаранд.
“Дар вилоят 205 хатсайри ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудааст, ки тамоми мавзеъҳои таърихию фарҳангиро фаро мегирад”, - қайд кардааст манбаъ.
Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2022
Тоҷикистон дар соли 2022 пешсафи самтҳои гардишгарӣ барои сайёҳони рус шуд
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 91 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 61 меҳмонхона, 16 осоишгоҳ, 2 маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истироҳатӣ, 2 хонаи истироҳатӣ, 4 лагер, 1 базаи истироҳатӣ ва 1 базаи сайёҳӣ бо ғунҷоиши умумии зиёда аз 7000 ҷой ба шаҳрвандон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд.
Ҳамзамон, 40 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Деваштич, Спитамен, Шаҳристон, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ фаъолият мебаранд.
Лентаи хабарҳо
0