Раҳбари “Вагнер” гуфт, артиши Русия дар Артемовск чӣ пешравиҳо дорад – видео

Обуна шудан
Евгений Пригожин дар бораи душворихои пешравии артиши Русия дар Артемовск (Бахмут) изҳори назар кард
Ба гуфтаи ӯ, артиши Украина "панҷсад хатти дифоъ" эҷод кардааст.
Пешравии нерӯҳои Русия дар Артемовск ба хотири садҳо хатти дифоии Қувваҳои Мусаллаҳи Украина мушкил будааст, гуфт Евгений Пригожин, таъсисдиҳандаи Ширкати низомии хусусии “Вагнер”.
Дар Артемовск (Бахмут) низомиёни украинӣ "панҷсад хатти дифоъ" эҷод карданд, бинобар ин пешравӣ бо душвориҳои зиёд идома дорад, Гуфт Пригожин.
Генерали собиқи НАТО замони созиш дар Украинаро пешгӯӣ кард
"Артемовск дар ҳар хона қалъа ва нуқтаи дифои эҷод кардааст. Сарбозон ҳар рӯз ба як хона медароянд, баъзе рӯз бештар. Баъзан барои як хонаро озод кардан ҳафтаҳо лозим аст. Як хона мегиранд, боз ба озод кардани хонаи дуюм иштирок мекунанд", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки пас аз забти хонаи навбатӣ, касе наметавон гуфт, ки дифои низомиёни украинӣ шикаст хурдааст, зеро дар паси ҳар як иншоот боз як хонаи нав аст.
Пушилин: Дар Украина мавҷи нави басиҷшавӣ оғоз шуд - видео
"Дар Артемовск чӣ қадар чунин хатти дифоъ вуҷуд дорад? Агар 500 гӯем, шояд хато нахоҳем кард. Ҳар 10 метр хатти дифоъ аст", - қайд кард Пригожин.
Лентаи хабарҳо
0