Толибон варзиши футболу бузкаширо манъ карданд

© Sputnik / Amir Isaev / Гузариш ба медиабонкКонная игра Бузкаши в Дангаре, Таджикистан
Конная игра Бузкаши в Дангаре, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ҳукумати феълии Афғонистон ба таъқиби тасмимот сахтгиронаи ахири худ дар бархе минтақаҳо варзиши футбол ва бузкаширо мамнуъ элом карданд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Омирияти иршод ва даъвати ҳукумати толибон дар вулусволии Дашти Қалъаи вилояти Тахори баргузарии мусобиқоти футбол ва бузкаширо манъ кардааст.
Бархе аз бошандагон ва варзишкорони вулусволии Дашти Қалъа ба рӯзномаи иттилоот рӯз мегянд, ки ин идора варзиши футбол ва бузкаширо" таҳриккунанда " хондааст.
Ба гуфта вай, омирияти иршод ва даъвати толибон дар Дашти Қалъа ба мураббии он ва чупондозон гуфтааст, ки то амри сонӣ иҷозаи баргузории мусобиқоти варзишии бузкашӣ ва футболро надоранд.
Афганские женщины на авиабазе Ramstein в Германии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
СММ аз толибон хост, ки ба занон иҷозаи кор диҳанд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш толибон ба бархе аз кормандони давлатӣ бидуни риш вориди идорашуданро мамнъ карда буданд.
Пештар манбаъ аз Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфт, толибон кормандони чанд вазоратхонаро ба далели риши кӯтоҳ ва надоштани дастор дар берун боздошт мекарданд.
Ҳамзамон толибон иҷозаи кор ва таҳсил дар донишгоҳу мактабҳо барои занонро манъ карда буданд.
Толибон қаблан ба тамоми созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ва байналмилалӣ дар Афғонистон дастур дода буданд, ки кори кормандони занро мутаваққиф кунанд.
Ин иқдоми ахири толибон аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро нигарон кардааст.
Лентаи хабарҳо
0