Дипломатҳои афғон дар Теҳрон итоат ба толибҳоро рад кардаанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкТабличка на столе представителей движения "Талибан", архивное фото
Табличка на столе представителей движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дипломатҳои афғон дар Эрон аз таъйиноти ҷадиди толибҳо изҳори норозигӣ карда, изҳор доштаанд, ки сафоратро ба фиристодаи толибҳо намедиҳанд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Дипломатҳои сафорати Афғонистон дар Теҳрон аз итоат ба толибҳо худдорӣ кардаанд, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷаи толибон, Амирхон Муттақӣ, кордори сафорат дар ин кишвар Абдулқайюм Сулаймониро аз мақом бозхонд карда, ба ҷои ӯ нафаре бо номи Фазл Муҳаммад Ҳаққониро роҳбари намояндагии дипломатӣ таъйин кардааст.
Аммо дипломатҳои афғон дар Теҳрон гуфтанд, ки калиди сафоратро ба нафаре аз толибҳо намесупоранд, зарур ояд ба худи эрониҳо бармегардонанд, изҳор доштаанд манобеи расонаҳо. Ҳаққонӣ, ки дар Эрон аст, дархости тобеият кардааст.
Таъкид шудааст, ки Сулаймонӣ ба далели анҷоми рисолаташ аз Теҳрон ба Кобул даъват шуд.
Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта сафири Афғонистон дар Эрон, Абдулғафур Ливол, аз симмати худ каноргирӣ карда ва ба хорифа рафта буд. Дар пайи истеъфои Ливол муовини ӯ Абдулқайюм Сулаймонӣ сарпарастии ин сафорат дар Теҳронро ба уҳда гирифт.
Лагерь беженцев в Мазари-Шарифе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2022
Бозгашти беш аз 700 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ва Покистон ба Ватан
Дар ин зимн сарпарасти Вазорати хориҷаи толибон, Амирхон Муттақӣ, дар як номае Абдулқайюм Сулаймониро сарпарасти сафорати Афғонистон дар Теҳрон мансуб карда буд. Мақомдорони Эрон гуфтанд, ин амал маънои эҳзори сафорати Афғонистон дар Теҳрон ба толибҳоро надошт.
ВУХ Эрон изҳор дошт, ки ҷониби Афғонистонро ба таври возеҳ огоҳ кард, ки таъсиси ҳукумати фарогир барои Теҳрон хеле муҳим аст.
Раёсати ин ниҳод таъкид карда буд, ки иттилоъ дар бораи намояндаи толибон будани Абдулқайюм Сулаймонӣ, ки пас аз рафтани сафири Афғонистон дар Теҳрон намояндагии дипломатии Афғонистонро раҳбарӣ мекард, дуруст нест.
Толибон бо ирсоли як нома онро расман "қонунӣ" карданд, ҳол он ки бо ин кор танҳо вазъи мавҷудро тасдиқ карданд, аммо натавонистанд ба он таъсир расонанд, изҳор дошта буд Теҳрон.
Лентаи хабарҳо
0