Генералҳои тоҷику белорус нақшаи амал барои соли 2023-ро тасдиқ карданд

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр обороны Таджикистана Шерали Мирзо
Министр обороны Таджикистана Шерали Мирзо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Вазири мудофиаи Тоҷикистон, ки феълан дар Минск қарор дорад, бо ҳамтои белорусияш густариши ҳамкориҳоро дар бахши амният баррасӣ намудааст
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Тоҷикистону Белорус нақшаи амал дар бахши мудофиа барои соли 2023-ро таъйид ва имзо кардаанд.
Ин санад зимни мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо ҳамтои белорусаш, генерал-лейтенант Виктор Хренин ба имзо расидааст.
Шералӣ Мирзо бо сафари кории дурӯза 3 январ озими Минск шуда, бо масъулини ин кишвар таҳкими ҳамкориро баррасӣ дорад.
Нахустин шуда, аз сафари Шералӣ Мирзо ба Минск, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ, ёвари вазири дифои Беларус дар умури ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ, Валерий Ревенко иттилоъ дода буд, аммо тафсилотро ироа накарда буд.
Премьер-министр Беларуси Роман Головченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2022
Аз Ғарб каму ба ИДМ ва СҲШ зам: Дастури сарвазири Белорус ба дипломатҳои кишвараш
Беларус ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд, ки дар бахши амнияти мудофиа низ уҳдадориҳои муштарак доранд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳар дуи ин кишвар узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ буда, нерӯҳояшон мунтазам дар размоишҳои муштарак иштирок мекунанд.
Ёдовари мекунем, ки Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Беларус моҳи сентябри соли 1996 барқарор намуда, онро то сатҳи шарикии стратегӣ расонданд.
Байни Тоҷикистон ва Беларус зиёда аз 90 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳо равона шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0