Омодагии донишгоҳҳои Русия барои қабули донишҷӯёни хориҷӣ

© Sputnik Десятая Международная выставка-ярмарка "Российское образование. Таджикистан – 2022"
Десятая Международная выставка-ярмарка Российское образование. Таджикистан – 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2023
Обуна шудан
Довталабони таҳсил дар Русия бояд анкетаро пур карда, акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро ба сомонаи махсус ирсол намоянд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Донишгоҳҳои Русия омодаи қабули ҳуҷҷатҳо барои магистратура, ординатура ва аспирантураанд, иттилоъ дод "Россотрудничество".
Ба иттилои манбаъ, донишҷӯёни хориҷӣ бояд то 20 феврал дар платформаи Education-in-russia ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод кунанд. Пас аз он бояд имтиҳони тахассусиро дар шакли мусоҳиба супоранд, афзуд "Россотрудничество".
Ин дар ҳолест, ки дар Душанбе аллакай қабули ҳуҷҷатҳо барои хоҳишмандони таҳсил дар муассисаҳои олии Русия оғоз шудаст.
Ба гузориши "Россотрудничество" қабули ҳуҷҷатҳо аллакай оғоз ёфта, довталабон бояд анкетаро пур карда, акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилотро ба сомонаи Education-in-russia.com то даҳаи сеюми моҳи феврал фиристанд.
Молодые люди  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2022
Чаро донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд?: Посухи донишҷӯён
Бақайдгирии довталабон дар доираи квотаи ҳукумати Русия дар соли таҳсили 2023-2024 сурат мегирад. Гуфта мешавад, хоҳишмандон метавонанд ҳамчунин барои сабти ном ба Хонаи рус дар Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат намоянд.
Қаблан Русия аз бештар намудани квотаи таҳсил барои довталабони хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон хабар дода, ҳадафро тавзеҳ дод.
Русия ба шукуфоии кишварҳои ҳамсоя манфиатдор аст, чун асоси рушди фаъоли давлат таҳсилоти босифат аст, Маскав дар ин самт бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад, гуфта буд ноиби раиси "Россотрудничество", Павел Шевтсов.
Федератсияи Русия манфиатдор аст, ки ҳамсояҳояш низ фаъолона рушд кунанд, аз ҷумла дар соҳаи сиёсат, иқтисод ва рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, изҳор дошта буд ӯ.
Лентаи хабарҳо
0