Путин: "Адмирал Горшков" муҷаҳҳаз бо "Сиркон" ба хидмати ҳарбӣ баромад - видео

Обуна шудан
Киштии "Адмирал Горшков", мусаллаҳ бо мушакҳои фаросавтии "Сиркон" ба сайри дур ба уқёнусҳои Орому Ҳинд ва инчунин баҳри Миёназамин баромад
Президенти Русия,Владимир Путин ба фрегати "Адмирал Горшков", ки бо мушакҳои фаросавтии "Сиркон" муҷаҳҳаз аст, дастур дод, ки ба хидмати ҳарбӣ гузарад.

"Мо як рӯйдоди муҳиме дорем. Фрегати "Адмирал Горшков" ба як сафари дури баҳрӣ оғоз мекунад", - гуфт Путин зимни иштироки онлайнӣ дар маросим.

Вай таъкид кард, ки ин дафъа киштӣ бо навтарин системаи мушакии фаросадоии "Сиркон" муҷаҳҳаз шудааст, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад.
Путин таъкид кард, ки Русия рушди иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳро идома медиҳад, моделҳои пешрафтаи аслиҳа ва техникаро истеҳсол мекунад, ки дар даҳсолаҳои оянда кафили амнияти Русия хоҳанд буд.
ПрезидентиРусия ба мутахассисони саноати дифоӣ изҳори сипос кард, ки истеҳсоли оммавии системаи мушакии "Сиркон"-ро шурӯъ карданд.
Киштии мусаллаҳ бо "Посейдон"-ҳо рӯйи кор меояд
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфт, мушакҳои "Сиркон" аз ҳама гуна системаҳои дифоъи ҳавоӣ ва зиддимушакӣ убур карда, то ҳазор километр бо суръати ҳудуди 10 ҳазор километр соат мерасад.
Вазир афзуд, ки киштӣ қодир аст зарбаҳои дақиқ ва тавоноро ба душман дар дарё ва хушкӣ бирасонад.
"Сиркон" дақиқзан ва дорои суръати фавқулоддо буда, дар шаш дақиқа ва дар фосилаи 1000 км дар баҳру хушкӣ ҳадафҳои эҳтимолиро мунҳадим месозад. Киштии зериобӣ бо мӯшаки "Сиркон" қодир аст, бидуни хатари ошкор шудан барои душман аз масофаи 1000 км ба ҳама ҳадаф зарба занад.
Лентаи хабарҳо
0