Раҳмон имзо кард: Айби ширкати ҳавоӣ бошад, пули мусофир пурра гардонда шавад

© Sputnik Карен ЕпремянПрезидент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент РТ Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Дар сурати даст кашидани мусофир аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақли ҳавоӣ, бо сабаби ба таъхир афтодани парвози ҳавопаймо, маблағ пурра баргардонида мешавад
ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik. Дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ҷадид ба Кодекси фазои ҳавоии ҷумҳурӣ мавриди амал қарор гирифтанд, ки ширкатҳои ҳавоиро аз ҳуқуқу уҳдадориҳои иловагӣ бархӯрдор мекунанд.
Тағйиру иловаҳои мазкур ба Кодекси фазои ҳавоии Тоҷикистон охири соли 2022 аз сӯи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон имзо шуда, баъди нашри расмӣ аз соли равон мавриди амал қарор гирифтаанд.
Аз ҷумла ба моддаи 101-и Кодекси фазои ҳавоӣ қисмҳои сеюм ва чорум илова гардиданд.
Тибқи он ҳамлу нақлдиҳанда уҳдадор аст, ки мусофири ҳавопайморо дар бораи шартҳои баргардонидан ё барнагардонидани маблағи барои ҳамлу нақли ҳавоӣ пардохтшуда пеш аз бастани шартномаи ҳамлу нақли мусофир огоҳ кунад.
Вид гор из иллюминатора в самолете, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2022
Воридоти ҳавопаймо, сӯзишворӣ ва хадамот аз андоз озод: Тасвиби сабукиҳо дар Тоҷикистон
Таъкид шудааст, ки дар сурати даст кашидани мусофири ҳавопаймо аз иҷрои шартномаи ҳамлу нақл, бо сабаби ба таъхир афтодани парвоз, инчунин, дар ҳолатҳои дигари ноилоҷ даст кашидан бо гуноҳи ҳамлу нақлдиҳанда, ба мусофир маблағи ҳамлу нақл, аз ҷумла пардохти бебозгашт пурра баргардонида мешавад, омадаст дар муқаррарот.
Инчунин ширкатҳои ҳамлу нақл ҳуқуқ пайдо карданд, ки аз ҳисоби худ барои гуруҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон имтиёз таъйин намоянд.
Ин дар ҳолест, ки палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз сабукиҳое ҳимоят кард, ки ҳадафашон беҳбуди хизматрасониҳо, зиёд намудани парвозу поин бурдани нархи чипта арзёбӣ мешавад.
Таъкид шуд, ки имтиёзҳои андозӣ ба ширкатҳои барои бардоштани устувории хатсайрҳо, идораи беҳтари паркҳои ҳавопаймоӣ, зиёд шудани интихоби хатсайрҳо, коҳиши арзиши хизматҳо ва чиптаҳои ҳавопаймоӣ мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0