Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст

© POOL / Гузариш ба медиабонк Президент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
 Президент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯ бо кишвардори Туркия омодагии кишвараш ба музокирот бо Украинаро бо дарназардошти воқеиятҳои ҳудудӣ имрӯза, таъкид кард
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар гуфтугӯ бо кишвардори Туркия Раҷаб Тайиб Эрдўғон, гуфт ки Русия омодааст барои музокира бо Украина, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Кохи Кремлин.
"Дар гуфтугӯ вазъи Украина мавриди баррасӣ қарор гирифт. Владимир Путин боз будани Русия ба музокироти ҷиддиро тасдиқ кард - ба шарте ки мақомоти Киев талаботҳое, ки қаблан баён шуда ва воқеиятҳои нави ҳудудиро ба инобат гиранд", - қайд кардааст дафтари матбуоти Кремл.
Дар хабар омодагии Туркия ба унвони миёнарав дар музокираи Маскав ва Киев таъкид шудааст.
Пушилин: Дар Украина мавҷи нави басиҷшавӣ оғоз шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2022
Пушилин: Дар Украина мавҷи нави басиҷшавӣ оғоз шуд - видео
Дар навбати худ Владимир Путин таваҷҷуҳи ҳамтои турки худро ба он ҷалб кард, ки на ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ барои ҳалли зуд ва бо роҳи мусолиматомез анҷом додани низоъ талош доранд.
"Аз ҷониби Русия нақши тахрибкоронаи давлатҳои ғарбӣ сабт мешавад. Онҳо режими Киевро аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва иттилооти оперативӣ таъмин мекунанд”, - афзуд Кремл.
Дар ҳамин ҳол, ахиран раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки интизор дорад, рӯзи панҷшанбе бо Владимир Зеленский вазъи Украинаро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод кунад.
"Мо имрӯз нақша дорем бо оқои Зеленский суҳбат кунем. Вазъ дар Украинаро баррасӣ мекунем, роҳҳои коҳиш додани низоъро пешниҳод хоҳем кард. Мо ҳамчунин "долони ғалларо" баррасӣ хоҳем кард", — гуфт Эрдуғон.
Лентаи хабарҳо
0