Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барканор ва таъйин шуд

© Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барканор ва ба ҷои ӯ Гулнора Ҳасанзода таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Вай дар гузашта директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон буд. Дар бораи вазифаи нави Ширин Амонзода алҳол иттилоъе дар даст нест.
Як манбаъ дар Агентии омор бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, директори нави Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон низ то ба ҳол таъйин нашудааст.
“Шокирзода Шодмон Шариф, муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон низ ба далели ба нафақа рафтан барканор ва ба ҷои ӯ Асо Нуруллоҳ, директори агентии омори шаҳри Душанбе таъйин шуд”, - гуфт манбаъ.
Гулнора Ҳасанзода 13 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ аст.
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.12.2022
Истеъфои ихтиёрии ноиби раиси суди Хатлон: тафсилоти тағйироти кадрӣ дар вилоят
Вай дар гузашта муовини якум ва раиси “Амонатбонк” буд ва аз 30 ноябри соли 2013 дар вазифаи директори Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон кор мекард.
Лентаи хабарҳо
0