Ҳушдори КҲФ аз 6 рӯзи сармо дар Тоҷикистон

© Sputnik Снегопад по дороге в Худжанд
Снегопад по дороге в Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Мақомоти ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аз афзоиши хатар дар пайи номусоидии боду ҳаво ва шиддати сармо дар шаҳру навоҳии кишвар ҳушдор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Аз 7 то 12-уми январи соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво сарду сербориш мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дода, таъкид ба афзоиши хатарҳо кардааст.
Манбаъ афзудааст, ки дар ин рӯзҳо бахусус шабона ҳаво дар қиёс ба рӯзҳои дигар сардтар хоҳад шуд.
"Дар водиҳо барфи тар меборад, дар кӯҳҳо ва баландкӯҳҳо аз шиддати бориши барф ба ҳаракати мошинҳо хатар бештар мешавад. Дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ шамоли сахт пешбинӣ мешавад ва дар минтақаҳое аз ин навоҳӣ барфи шадид меборад", - омадааст дар иттилоия.
Расчистка дороги Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2023
IRS маҳдудиятҳои ҳаракат дар роҳи Душанбе - Чаноқро лағв кард
КҲФ аз тоҷикистониён хостааст, дар чунин рӯзҳои сарду пурбориш либосҳои гарм пӯшанд ва беш аз ҳар вақти дигар ба кӯдакон ва калонсолон диққати хоса диҳанд. Сармо метавонад боиси сироят ба бемориҳо шавад, таъкид намудаст манбаъ.
Инчунин аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш карда шудааст, ки дар рӯзҳои сармо ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехтарии сӯхторро ҷиддан риоя кунанд, неруи барқро сарфа намоянд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо қоидаҳои бехатариро низ риоя намоянд.
Дар феҳрасти масирҳои нисбатан хатарнок Душанбе-Хуҷанд, Душанбе – Рашт - Лахш, Душанбе - Сангвор, Душанбе – Шамсиддин Шоҳин - Дарвоз - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб зикр шудаст, дар онҳо лағзиши тарма, ба вуҷуд омадани барфтӯда пешбинӣ мешавад.
Сардии ҳаво боиси яхбандиҳо дар роҳҳои мошингард мешавад, резиши сангу рег ҳам дар роҳҳо эҳтимол дорад, ҳушдор додаст КҲФ.
Лентаи хабарҳо
0