Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин оташбас эълон кард, Зеленский рад намуд

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий РФ на Запорожском направлении
Военнослужащий РФ на Запорожском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Президенти Украина иқдоми Русияро барои эълони оташбас дар минтақаҳои даргирӣ баҳонае хондааст, ки барои ҷилавгирӣ аз пешрафтҳо дар ҷабҳа роҳандозӣ шудаст
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Украина оташбаси эълонкардаи ҷониби Русия дар вақти таҷлил аз мавлуди Исоро рад кард.
Президенти Украина, Владимир Зеленский, зимни як муроҷиат ба мардум изҳор дошт, ки гӯиё Маскав мехоҳад оташбас дар мавлуди Исоро ҳамчун баҳона барои наздиктар овардани нерӯю техника истифода барад.
Вай ҳамчунин таъкид намудааст, ки ин иқдоми Маскав талоше барои ҷилавгирӣ аз пешрафти нерӯҳои украинӣ дар Донбасс мебошад.
Зеленский изҳори боварӣ намудаст, ки бо ҳамин баҳона Русия азм дорад, амалиётро бо нерӯи ҷадиду дучанд азсар гирад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран президенти Русия, Владимир Путин ба вазиаи мудофиаи кишвар дастур дод, ки аз соати 12:00-и 6 январи соли 2023 то соати 24:00-и 7 январи соли 2023 дар тамоми ҷабҳа оташбас эълон карда шавад.
 Президент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2023
Путин ба Эрдуғон: Русия барои музокира бо Украина ҳамеша омодааст
Дар дастури Путин таъкид шудааст, ки ин қарор дар пайи муроҷиати патриархи Маскав ва Русия Кирилл қабул шудааст. Патриарх Кирил қаблан хостори оташбас дар иди мавлуди Исо шуд, то мардуми масеҳӣ тавонанд дар арафаи ҷашн дар маросимҳо ширкат кунанд.
Путин ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карда, аз Украина низ даъват намуд, то оташбас эълон кунад, чун шумораи зиёди масеҳият дар манотиқи ҷанг ба сар мебаранд ва ба онҳо имкон дода мешавад, ки дар маросими таҷлили мавлуди Исо ширкат кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия 24 феврали соли 2023 амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0