Теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар Хатлон қариб 6 баробар зиёд шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанКамнеобрабатывающий завод АО "Корпорация Камоли Худжанди"
Камнеобрабатывающий завод АО Корпорация Камоли Худжанди - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Танҳо дар соли 2022 дар вилояти Хатлон 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Шумораи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба 716 адад расонда шуд, иттилоъ дод ноиби раиси вилоят, Заробиддин Файзуллозода дар суҳбат бо нашрияи "Хатлон".
Ба иттилои манбаъ ин нишондод дар қиёс бо аввали солҳои 2000-ум қариб 6 баробар зиёд мебошад.
"Шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 128 адади соли 2000- ум ба 716 адад дар соли 2022 расидааст, ки 5,6 маротиба зиёд мебошад", - таъкид кардаст Файзуллозода.
Ноиби раиси Хатлон илова намудаст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо дар соли 2022 дар вилоят 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд шудаанд.
"Айни замон 716 корхона ва 892 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ, кӯҳкорӣ, сабук, масолеҳи сохтмонӣ, кимиё, дӯзандагӣ, истеҳсоли ришта ва нахи пахта ва дигар соҳаҳои саноати вилоят ба роҳ мондаанд", - гуфт ноиби раиси вилоят.
Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2022
Соли бобарори Хатлон: Раиси вилоят гуфт, буҷа чанд шуду саноат чӣ қадар
Дар мавриди ҳаҷми истеҳсолот зикр гардидаст, ки дар 11 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи беш аз 9,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Тавлидотро мутаносибан дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021 бо нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 15,5% ё наздики 1,4 млрд сомонӣ таъмин намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, дар 5 соли охир дар Тоҷикистон 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав ба истифода дода шудаанд. Мақомот мегӯянд, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ дар кишвар фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0