Артишҳои Афғонистону Қирғизистон беҳтар аз қувваҳои муссаллаҳи Тоҷикистон?

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанВооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе
Вооруженные силы Таджикистана на военном параде в Дарвозском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
Обуна шудан
Артиши Тоҷикистон дар раддабандии ҷадиди “Global Firepower” (GFP) боз аз қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон, Кирғизистон, Казоқистон ва Туркманистон қафо мондааст
ДУШАНБЕ, 7янв — Sputnik. Сомонаи “Global Firepower” (GFP), як пойгоҳи таҳлилӣ, ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии ахираш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 145 кишвари дунё дар мақоми 120-ум гузоштааст.
Соли гузашта Тоҷикистон дар ин радабандӣ дар мақоми 111менишаст ва давоми як солтағйироти назаррасе сурат гирифтааст ва ҷумҳури дар ин радабандӣ 9 зина поин рафтааст.
Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 62 қарор гирифтааст, ҳайати низомии он 62 ҳазор гуфта мешавад.
Қазоқистон дар ҷойи 63-ум, Туркманистон дар зинаи 82, Қирғизистон дар ҷойи 107 ва Афғонистон дар ҷойи 114 қарор гирифтаанд.
Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи сеюмро Чин гирифтаанд.
Военные учения ОДКБ в Таджикистане Рубеж-2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2023
Тамринҳои муштараки зиддитеррористии артиши Тоҷикистон дар “Фахробод” анҷом ёфт
Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Бритониё, Кореяи Ҷанубӣ, Покистон, Ҷопон, Фаронса, Итолиё дохил мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар ин радабанди артиши Туркия дар ҷой и 11 қарор гирифтааст, ба гуфтаи бархе аз коршиносон миёни кишварҳои НАТО артиши дувум баъд ИМА мебошад.
Дар ин радабандӣ вазъи низомии 145 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудааст. Гузоришгарон ҳангоми тартиб додани феҳраст на танҳо шумораи силоҳ, балки намуд ва қудрати онҳо низ ба назар гирифта шудаанд.
Ҳамчунин дар тартиб додани ин радабандӣ мавқеи ҷуғрофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён низ мавриди назар аст.
Лентаи хабарҳо
0