Толибон қарордоди истихроҷи “нафти Омударё”-ро имзо карданд – видео

Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Ахиран раҳбарони ҳукумати феълии Афғонистон дар симои толибон қарордоди истихроҷи “нафти Омударё”-ро бо ширкатҳои чинӣ ба имзо расонданд
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Қарордоди истихроҷи нафти Омударё бо як ширкати чинӣ ахиран дар ҳузури муовини иқтисодии раисулвузарои гурӯҳи толибон мулло Абдулғанӣ Бародар Охунд, сарпарасти вазорати маодини петролиум ин гурӯҳ Шаҳобуддини Диловар, сафири Чин дар Афғонистон Вонг Ю ба гунаи расмӣ имзо шуд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи толибон, муддати ин қарордоди 25 сол аст.
Шаҳобиддини Диловар дар маросими имзои қарордоди истихроҷи ҳавзаи нафтии Омударё дар Кобул гуфтааст, ки бо оғози кори истихроҷи нафт аз ин ҳавза то се соли дигари нафт содир хоҳанд кард.
Толибон мегуянд, ки бо оғози кори истихроҷи ҳавзаи нафтии Омударё ба се ҳазор нафар заминаи кори фароҳам хоҳад шуд .
“Нафти мо дар гузашта ва акнун аз берун содир мешуд, аммо акнун пас аз ин нафти мо аз 4500 километри мураббаъи замин, ки дар он захоири ‎нафт тасбит шудааст дар вилоятҳои Сарипул, Ҷузҷон ва Фориёб мебошанд", - гуфт Шаҳобиддини Диловар.
Ба гуфтаи ӯ, ширкат қарордоде аз имрӯз ба баъд то як соли оянда ба арзиши 150 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад ва дар се соли ояндаи 540 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард.
Ҳамзамон номбурда изофа карда аст, ки дар ин қарордоди онон 20 фисад сармоягузорӣ кардаанд ва 15 дарсад ҳаққулимтёзи Афғонистон мебошад ва ба тадриҷи саҳми кишвар дар ояндаҳо ба 75 дарсад хоҳади расид.
Ҳавзаи нафтии Омударё дар шимоли Афғонистон аз бахшҳои нафтхези кишвар аст.
Лентаи хабарҳо
0