Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон тайи як соли охир чӣ кор кард?

© Пресс-служба ЦВОМарш-бросок военнослужащих 201-й РВБ на границу Таджикистана и Афганистана
Марш-бросок военнослужащих 201-й РВБ на границу Таджикистана и Афганистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2023
Обуна шудан
НовостиTelegram
Воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар соли гузашта 1,5 ҳазор бор давраҳои омӯзишию тамринҳои оташкушоӣ анҷом додаанд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 50 машқҳои гуногуни тактикӣ баргузор шуданд, хабар дод дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.
Манбаъ аз қавли фармондеҳи пойгоҳ, полковник Андрей Марушкин овардааст, ки машқҳо дар се размоишгоҳи Тоҷикистон - Лоҳур, Самбули ва Ҳарб-Майдон баргузор шуданд. Аз ҷумла, машқҳои ротаи тактикӣ, тактикии баталонӣ, тактикии махсус ва ҳамчунин машқҳои муштараки байналмилалӣ дар Қазоқистон зикр шудаанд. .
"Ҳамаи эпизодҳо бо истифода аз воҳидҳои ҳавопаймоии бесарнишин, авиатсияи низомӣ, инчунин артиллерия амалӣ карда шуданд", - гуфт Марушкин.
Илова бар ин, хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои 201-уми Русия дар давоми сол зиёда аз 1,5 ҳазор тамрини оташкушоӣ бо иҷрои амалии тирпарронӣ аз силоҳи тирандозӣ ва гранатомётҳоро анҷом додаанд. Инчунин беш аз 2 ҳазор бор дарсҳои тактикӣ ва махсус гузаронда шуданд.
Ҳамчунин ҳамкорию ҳамоҳангии воҳидҳои танкӣ, артиллерия, воҳидҳои разведкавӣ ва системаҳои дифои ҳавоӣ тамрин карда шудаанд.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Шойгу: Русия ирсоли силоҳро ба Тоҷикистон идома медиҳад
"Дар автодромҳо ва танкодромҳо беш аз 800 машқҳои амалӣ оид ба рондани мошинҳои ҳарбӣ ва махсус баргузор шуданд. Техникаи ҳарбӣ қариб 110 ҳазор километр масофаро тай кард", - омадааст дар иттилоияи Вазорати мудофиа.
Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон калонтарин воҳиди низомии хушкигарди ФР дар берун аз марзи он буда, дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
Пойгоҳи низомии 201-ум нерӯҳои тирандози савора, тонкӣ, иктишофӣ, дифои ҳавоӣ, ҳимояти кимиёӣ биологӣ ва алоқаро фаро мегирад.
Лентаи хабарҳо
0